Конфронсҳо ва семинарҳо
Конференсияи омодагӣ
«Ба пешвози Конференсияи СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об»
19-20 октябри соли 2011, ш. Душанбе
Конференсияи омодагӣ «Ба пешвози Конференсияи СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об» бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо механизми «СММ-Захираҳои об» ва Дафтарҳои Барномаи рушди СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар таърихи 19-20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Дар кори Конференсия зиёда аз 140 нафар сиёсатмадорону коршиносон, олимону мутахассисон, намояндагони сектори хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз манотиқ ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон, муассисаҳои СММ, хусусан институтҳои механизми «СММ-захираҳои об», комиссияҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.
Конференсия зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Муродалӣ Алимардон баргузор гашта, он кас дар маросими кушодашавӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон ва ширкаткунандагони конференсияро шодбошӣ намуданд. Бо суханҳои ифтитоҳӣ ҳамчунин Лайлӣ Моширӣ - иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон, Кенза Робинсон – Котиби масъули механизми «СММ–захираҳои об», Ивар Викки – Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Ҷоҷи Токеши – Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози донорҳо, Жан Франсуа Донзиер – Котиби доимии Шабакаи байналмилалии ташкилотҳои ҳавзавӣ ва Федор Климчук – Муовини Директори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ баромад намуданд.
Таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи об ва мавриди баррасӣ қарор додани ин масъала дар доираи Конференсияи СММ оид ба рушди устувор (Рио+20), ки моҳи июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро, Бразилия баргузор мегардад, аз ҳадафҳои асосии баргузории Конференсияи омодагии Душанбе маҳсуб меёфтанд.
Ҳамзамон ин чорабинии муҳими байналмилалӣ барои тақвият бахшидан ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гаштани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об нигаронида шуда буд.
Барномаи конференсия аз маросими кушодашавӣ, ҷаласаҳои пленарӣ ва муҳокимаронии интерактивӣ иборат буда, дар доираи онҳо маърӯзаҳо ва фикру андешаҳои коршиносон оид ба ҳамкорӣ дар идоракунии захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, ҳамкории байнисоҳавӣ оид ба истифодаи самараноки захираҳои об, ҳамкорӣ миёни илму тадқиқотҳо ва таҷриба, истифодаи созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун платформа барои муколама ва рушди ҳамкорӣ, ҷанбаъҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва дигар масоили марбута манзур ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба маърӯзаҳо ва муҳокимарониҳои доиргашта ҳуҷҷатҳои ниҳоии Конференсия – Тавсияҳои Конференсияи омодагии Душанбе ва Ёддошти консептуалии иҷлосияи мавзӯӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи Конференсияи Рио+20 қабул гардиданд, ки ба Котиботи Конференсияи Рио+20 ҷиҳати ворид намудани иҷлосияи мавзӯӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба барномаи ин чорабинии муҳими байналмилалӣ манзур карда шуданд.


